Декабр 12, 2021 17:00 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи мақомоти Тоҷикистону Амрико дар мавриди вазъияти маводи мухаддир дар Афғонистон

Дар дидори раиси Ожонси давлатии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон ва муовини сафири Иёлоти Муттаҳида дар ин кишвар вазъияти маводи мухаддир дар Афғонистону минтақа баррасӣ шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, Ҳабибуллоҳ Воҳидзода-раиси Ожонси давлатии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон бо Бриҷит Вакер-муовини сафири Амрико дар ин кишвар дидору гуфтугӯ кард .
Дар ин дидор тарафи тоҷикӣ муовини сафири Иёлоти Муттаҳида дар Душанберо дар мавриди вазъияти маводи мухаддир дар Тоҷикистон, дастовардҳои ин кишвар ва ниҳодҳои муҷрии қонун дар ин замина огоҳ сохт .

Тарафҳо ҳамчунин вазъияти маводи мухаддир дар Афғонистону минтақа, ҳамлу нақлу қочоқи маводи мухаддир аз тариқи марзҳои давлатӣ, ҳимояти моливӣу таъминотии Ожонс тавассути давлати Амрико ва ҳамчунин эҷоди идороти байниминтақаӣ дар манотиқи марзии вилояти Хатлони Тоҷикистонро баррасӣ карданд .
Дар идомаи ин дидор раиси Ожонси давлатии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон аз сатҳи болои ҳамкории самаранок дар заминаи контроли маводи мухаддир, ба вижа баррасии мавзӯи таъмини молии давраҳои омӯзиш барои тақвияти маҳоратҳои коркунони Ожонс қадрдонӣ кард 

 

Барчасп