Интиқоли беш аз 460 ҳазор воя воксани корона ба Тоҷикистон
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон эълом кард, ки дар чорчӯби барномаи КОВАКС ахиран аз 460 ҳазору 350 воя воксани корона ба ин кишвар ворид шудааст.
Ба гузориши вазорати тандурустии Тоҷикистон, акнӯн теъдоди воксанҳои воридотӣ ба Тоҷикистон дар чорчӯби барномаи КОВАКС ба 6 миллиону 500 ҳазор воя расидааст.
Ин дар ҳоле аст, ки бар асоси омори вазорати тандурустии Тоҷикистон ба 3 миллиону 222 ҳазору 924 шаҳрванди болои 18 соли ин кишвар (беш аз 55 дарсад) воксани корона тазриқ шудааст.
Ҳамчунин 2 миллиону 677 ҳазору 138 шаҳрванд (45 дарсад) кишвар низ дози дувуми воксани корона тазриқ карданд.
Тибқи тасмими Ситоди марказии ҷилавгирӣ аз шуюи корона дар Тоҷикистон ваксинатсия барои шаҳрвандони 18 сол ба боло дар ин кишвар иҷборист.
Бештар бихонед: