Декабр 16, 2021 09:55 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҳамоиши тиҷории Тоҷикистон ва Туркия

Ҳамоиши тиҷории Тоҷикистон ва Туркия дар Қуния баргузор мешавад.

Ба гузориши Сафорати Тоҷикистон дар Анкара, ин ҳамоиши тиҷорӣ дар чорчӯби сафари расмии Шералӣ Кабир, вазири саноат ва фанновариҳои навини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Туркия ва ширкат дар ҳафтсаду чиҳилуҳаштумин солгарди Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, барномарезӣ шудааст.

Пешбинӣ мешавад, дар ин ҳамоиш намояндагони 150 ширкати Тоҷикистон ва Туркия дар бахшҳои дорусозӣ, нассоҷӣ, молӣ ва бонкӣ, маъдан, лаҷистик, мошинолот, маводи ғизоӣ ва кишоварзӣ ширкат кунанд.

Ҳамзамон дар чорчӯби ин ҳамоиш, нишасти дуҷонибаи корофаринон бо унвони “Корофарин бо корофарин” баргузор мешавад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп