Декабр 16, 2021 12:13 Asia/Dushanbe
  • Дидори мақомоти варзишии Тоҷикистон ва Қатар

Муовини Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо сафири Қатар дар Душанбе дидор ва гуфтугӯ кард.

Аҳтам Абдуллозода ва Иброҳим бин Муҳаммад Ал Абдуллоҳ дар ин мулоқот тавсеаи равобити дуҷониба дар заминаи варзишро баҳсу баррасӣ карданд.

Сафири Қатар дар суханоне тайи ин дидор ҳамкории ин кишвару Тоҷикистон дар заминаи варзишро мусбат арзёбӣ кард.

Дар ин дидор мавзуоте, аз ҷумла сохт як маркази варзишӣ дар Душанбе ва баргузории тамриноти муштараки тимҳои миллии ду кишвар дар Қатар ва Тоҷикистон низ баррасӣ шуд.

Тарафайн дар бахше аз ин мулоқот ба сохти пойгоҳи варзишӣ барои омӯзиши Варзишкорон дар қаламрави Тоҷикистон ишора карданд.

 

Барчасп