Декабр 16, 2021 12:13 Asia/Dushanbe
  • Нарасидани гази табиии Узбекистон ба бахши хонагии вилояти Суғд

Бо вуҷӯди ваъдаи масъулон як сол аст, ки гази табиии Узбекистон ба хонаҳои сокинони вилояти Суғд нарасидааст.

Ба гузориши сомонаи Топтҷ, аз авохири соли 2020 мақомоти ширкати гази вилояти Суғд эълом карда буданд, ки интиқоли газ табиии Узбекистон пас аз як вақфаи 9 сола дар соли 2021 аз сар гирифта мешавад ва марокизи санъатӣ ва бахши хонагӣ аз он баҳраманд хоҳанд шуд.

Акнӯн 44 корхона дар вилояти Суғд бо гази табиии воридотӣ аз Узбекистон фаъолият мекунад ва Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд эълом кард, ки далели ин мушкил, ба бахши хонагӣ мунтақил нашудани гази фаннӣ мебошад. Зеро пас аз 9 соли вақфа бояд шабакаи интиқоли гази хонагӣ дар шаҳри Хуҷанд ва атрофи он таъмир ва бозсозӣ шавад ва муҷаввизи истифода аз таҷҳизот низ содир гардад.

Ба далели афзоиши бесобиқаи қимати сӯхт, аз ҷумла газ дар Тоҷикистон акнӯн талошҳо барои воридоти гази табиии арзон аз Узбекистон оғоз шудааст.

Ба ин манзур дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 5 маркази сӯхтгирӣ таъамир шуда ва мунтазири дарёфти муҷаввизи истифода аз гази табиии Узбекистон мебошанд.