Декабр 17, 2021 18:04 Asia/Dushanbe
  • Ворези 800 ҳазор доллар ба ҳисоби Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон

Давлати муваққати Толибон ба иштибоҳ 800 ҳазор доллар ба ҳисоби Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ворез кард.

Ба гузориши «Авесто», Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳурии вақти Афғонистон дар сафари худ ба Тоҷикистон дар поёни моҳи марти соли 2021 мелодӣ ваъда дода буд, мактабе барои муҳоҷирони афғонистонӣ дар шаҳри Ваҳдат месозад.

Ғанӣ баъд аз баргашт ба Кобул Вазорати дороии кишварашро ба тахсиси ҳудуди 800 ҳазор доллар (бинобар иттилооти дигар 785. 6 ҳазор доллар) барои сохти мактаб дар шаҳри Ваҳдати Тоҷикистон муваззаф кард.

Ин маблағро Вазорати дороии Афғонистон бояд ба ҳисоби Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ворез мекард, аммо дар августи соли 2021 вазъият дар Афғонистон ба куллӣ тағйир кард, Ғанӣ Афғонистонро тарк кард ва Толибон қудратро ба даст гирифт.

Ин пул барои интиқол дар ҳисобҳои вазорати дороӣ дар Кобул боқӣ монда буд ва мақомоти ҷадиди Вазорати дороӣ ба намояндагӣ аз Толибон ин вуҷуҳро ба Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон мунтақил карданд.

Дар поёни ноябр, Вазорати умури хориҷаи Толибон бо ирсоли номае ба Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон хостори бозгардондани ин маблағ шуд.

Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон таъйид кардааст, ки чанде қабл маблағи ҳангуфте ба ҳисоби ин сафоратхона ворез шуда буд, ки барои ниёзҳои сафорат ҳазина шудааст.

Масъулони сафоратхона эълом карданд, мо наметавонем ин пулро ба Толибон баргардонем, зеро Толибонро на танҳо мо, балки кулли ҷаҳон ҳанӯз ба расмият намешиносад.

 

Барчасп