Лағви маҳдудиятҳои судури раводиди Туркия барои шаҳрвандони Тоҷикистон
(last modified Wed, 22 Dec 2021 05:14:01 GMT )
Декабр 22, 2021 10:14 Asia/Dushanbe
  • Лағви маҳдудиятҳои судури раводиди Туркия барои шаҳрвандони Тоҷикистон

Вазири саноат ва фанноварии Туркия аз лағви маҳдудиятҳои судури раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистон аз январи 2022 мелодӣ хабар дод.

Мустафо Ворнок дар ҳамоиши маҳофили тиҷории ин кишвар ва Тоҷикистон гуфт, мақомоти кишвараш маҳдудиятҳои раводидро барои шаҳрвандони тоҷик аз аввали соли ояндаи мелодӣ лағв мекунад.

Вай ҳадафи ин иқдомро таъмиқи равобити таърихиву фарҳангӣ аз тариқи густариши ҳамкорӣ дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла омӯзиш, тавсеа ва гардишгарӣ эълом кард.

Вазири саноат ва фанноварии Туркия ибрози умедворӣ кард, ки бо шуруи режими бидуни раводид ҳаҷми мубодилоти тиҷории ду кишвар ба далели гомҳои мусбати мутақобил дар заминаи молиёт ва лаҷистик ба як миллиард доллар афзоиш меёбад.

Бинобар суханони вай, арзиши мубодилоти тиҷории Туркия ва Тоҷикистон дар 10 моҳи соли ҷории мелодӣ 326 миллион доллар баровард шудааст.

 

Бештар бихонед: