Тирандозии дубора дар марзӣ Тоҷикистон ва Қирғизистон
Идораи марзбонии Қирғизистон аз тирандозӣ ба сӯи як мошини борбарии ин кишвар аз тарафи тоҷикҳо дар марзӣ муштараки ду кишвар хабар дод.
Ба гузориши сомонаи Аки Пресс, дар баёнияи ин ниҳод таъкид мешавад, ки як мошини борбарии қирғиз ҳангоми ҳаракат дар марзи муштараки ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд бо ноҳияи Спитамени вилояти Суғд мавриди тирандозии марзбонони тоҷик қарор гирифта ва ронанда захмӣ шудааст.
Дар баёнияи идораи марзбонии Қирғизистон таъкид шуда аст, ки марзбонони тоҷик се тир ба тарафи ин мошини борбари шилик карданд, барои баррасии ин мушкил фармондеҳони посгоҳои марзии ин ду ноҳия дидор ва бар зарурияти шиносоӣ ва муҷозоти омилони ин ҳодиса таъкид карданд. Аммо то лаҳзаи интишори ин хабар ҳануз мавзеъи тарафи Тоҷикистон роҷеъ ба ин ҳодиса эълом нашуда аст.
Дар беш аз ду даҳа музокирот, мақомоти ду кишвар бар сари ҳалли ихтилофоти марзӣ танҳо 520 километр аз марзӣ 976 километрии Тоҷикистон ва Қирғизистон аломатгузори шудааст.
Ихтилофи Тоҷикистон ва Қирғизистон бар сари бархе аз минтақаҳои марзии ду кишвар дар вилоятҳои Суғд ва Ботканд аз ҷумла мушкилоти тарафҳо барои дастёбӣ ба тавофуқи ҷомеъ дар ин замина аст.