Ноябр 14, 2016 13:37 Asia/Dushanbe
  • Иттилоърасонии полиси Тоҷикистон ба мақомоти амниятии Русия дар бораи амалиёти террористӣ

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон эълом кард, аз миёни ниҳодҳои қудратии кишварҳои Осиёи Марказӣ нахустин наҳоде будааст, ки хатари ҳамлаи террористӣ ба маконҳое дар Русия ва Осиёи Марказиро ба мақомҳои амниятии Русия иттилоъ додааст.

Ба иттилои сайти Toptj, Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи душанбе эълом кард, дар бораи афроде, ки қасд доштанд, дар қаламрави Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ амалиёти террористӣ анҷом диҳанд, иттилоъ дарёфт карда ва барои огоҳ кардани мақомоти амниятии Русия, аз дигар ниҳодҳои амниятии минтақа пешдастӣ кардааст.

Тибқи гузоришҳо, дар натиҷаи амалиёти муштараки мақомоти амниятии Тоҷикистон, Русия ва Қирғизистон дар шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербурги Русия 12 шаҳрванди Осиёи Марказӣ, ки қасди иҷрои амалиёти террористӣ дар қаламрави федератсияи Русия ва Осиёи Марказиро доштанд, боздошт шудаанд.

Аз боздоштшудагони миқдори зиёде маводи тарканда ва силоҳи оташфишон кашф ва забт шудааст.

Ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, дар миёни боздоштшудагон як сокини шаҳри Турсунзода низ, ки бародараш дар ҷанги Сурия ширкат дорад, дар фурӯдгоҳи шаҳри Маскав боздошт ва ба Тоҷикистон интиқол дода шудааст.

Ба тозагӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ навори видеоии бозпурсии Абдулхолиқ Мирзоев, сокини шаҳри Турсунзода мунташир шуд, ки вай дар ин видео изъон мекунад, қасди амалиёти террористӣ дар Русияро доштааст.