Тавофуқи Тоҷикистон ва Русия дар заминаи тақвияти мубориза бо терроризм
Тоҷикистон ва Русия дар пасзаминаи тавсеаи вазъият дар Афғонистон, ба тафсили мавзуоте монанди мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ пардохтанд.
Ба гузориши “Форс”, пас аз як вақфаи тӯлонии ношӣ аз ҳамагирии корона, даври ҷадиди ройзаниҳо байни ниҳодҳои дипломатии Тоҷикистон ва Русия дар заминаи муқобила бо чолишҳои ҷадид ба сурати ҳузурӣ дар Маскав баргузор шуд.
Ройзаниҳо дар сатҳи муовинони вазирони умури хориҷаи ду кишвар дар умури ҳамкориҳои байналмилалӣ дар заминаи мубориза бо терроризм сурат гирифт.
Ҳайати Тоҷикистон дар ин музокиротро Содиқ Имомӣ, муовини вазири умури хориҷаи ин кишвар ва тарафи муқобилро Олег Сиромолотов, муовини вазири умури хориҷаи Русия бар ӯҳда дошт.
Тарафайн дар пасзаминаи вазъият дар Афғонистон ба тафсили масоили муҳими мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва ифротгароиро баррасӣ ва ба тақвияти таомули ду кишвар ба манзури тазмини суботу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ тавваҷуҳи вижа карданд.