Тоҷикистон марзбонон ва сокинони Қирғизистонро ба ташаннуҷофаринӣ дар марз муттаҳам кард
Неруи марзбонии Тоҷикистон бо интишори баёнияе марзбонон ва сокинони деҳаҳои Қирғизистонро ба ташаннуҷофаринӣ дар марзи муштараки ду кишвар муттаҳам кард.
Ба гузориши сомонаи “Ховар”, дар ин баёния таъкид шудааст, ки дар се мавриди муноқишоти марзии як ҳафтаи ахир марзбонону сокинони деҳаҳои вилояти Ботканд муқассир мебошанд, ки бояд ба ин гуна иқдомоти таҳрикомез поён диҳанд.
Дар мавриди нахуст, рӯзи 22 декабри соли ҷорӣ як мошини ҳомили 4 марзбони қирғиз ба таври ғайриқонунӣ вориди минтақаи Лахш, дар шарқи Тоҷикистон шуданд, ки боздошт ва ба кишварашон бозгардонида шуданд.
Ҳамчунин дар рӯзи 23 декабри соли ҷорӣ як мошини борбарии ҳомили сӯхти қочоқии қирғизӣ ҳангоми ҳаракат дар марзи муштараки ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд бо ноҳияи Спитамени вилояти Суғд бидуни тавваҷуҳ ба дастури исти марзбонони тоҷик, ба ҳаракати хеш идома дод, ки бо тирандозии се гулула мутаваққиф шуд.
Дар идомаи ин иқдомот, шаби 23 декабри соли ҷорӣ хонаи як сокини шаҳраки Сомониёни ноҳияи Исфара мавриди шиллики гулула аз сӯи Қирғизистон қарор гирифт, ки ба ин манзили маскунӣ хисороте ворид омад.
Неруи марзбонии Тоҷикистон аз мақомоти Қирғизистон дархост кардааст, ки аз таҳаррукоти хилоф бо рӯҳияи дӯстӣ ва ҳамзистии мусолиматомези мардумони ду кишвар даст бардоранд ва мушкилоти марзиро бо гуфтугӯ ҳаллу фасл кунанд.
Аз 976 километр марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон танҳо 520 километраш аломатгузорӣ шудааст.
Ихтилофи Тоҷикистон ва Қирғизистон бар сари бархе аз манотиқи марзии ду кишвар дар вилоятҳои Суғд ва Ботканд, аз ҷумлаи мушкилоти тарафҳо барои дастёбӣ ба тавофуқе ҷомеъ дар ин замина аст.
Бештар бихонед: