Чароғи “TojNews” хомӯш шуд
Баъди аз чоп мондани нашрияи “Нигоҳ”, ин бор хабаргузории мустақили “TojNews” бо интишори иттилоияе аз қатъи фаъолияти худ хабар дод.
Ба гузориши Радио тоҷикӣ, хабаргузории мустақили “TojNews” имрӯз бо эъломи қатъи фаъолияти худ навишт, “Ин қарор барои мо ва фикр мекунем ҷомеаи огоҳи Тоҷикистон низ ногаҳонӣ нест. Мо интизор доштем, ки баъди аз чоп мондани нашрияи “Нигоҳ” навбати мо мерасад. Ҳамчунон, ки навбати як-ду расонаи мустақили боқимонда низ хоҳад расид.
Хабаргузории “TojNews” дар ин иттилоия, иллати қатъи фаъолияти худро набуди шароити лозим барои фаъолияти як расонаи мустақил ва набуди фазои озоди расонаӣ дар Тоҷикистон эълом кардааст.
Қатъи фаъолияти хабаргузории “TojNews” бо тасмими Созмони ҷамъиятии “ИНДЕМ” ба унвони муассиси ин хабаргузорӣ сурат гирифтааст.
Пеш аз ин Сайидмуҳиддини Дустмуҳаммадиён муассис ва бунёнгузори хабаргузории “TojNews” ва нашрияи “Нигоҳ” дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Садои Хуросон, эълом карда буд, ки дар канори маҳдудият ва фишори бархе мақомот алайҳи расонаҳои мустақил, мумкин аст буҳрони иқтисодӣ ва молӣ низ мунҷар ба қатъи фаъолияти бархе расонаҳои мустақил дар Тоҷикистон шавад.