Афзоиши дубаробарии саҳмияи донишҷӯёни тоҷик дар Қазоқистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i78924-Афзоиши_дубаробарии_саҳмияи_донишҷӯёни_тоҷик_дар_Қазоқистон
Сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон аз афзоиши саҳмияи донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Қазоқистон хабар дод.
(last modified 2025-07-05T06:57:06+00:00 )
Декабр 29, 2021 10:43 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши дубаробарии саҳмияи донишҷӯёни тоҷик дар Қазоқистон

Сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон аз афзоиши саҳмияи донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Қазоқистон хабар дод.

Ба гузориши «Форс», Аскар Тоҷибоев гуфт, иқдомоти муштараке барои афзоиши саҳмия барои омӯзиши донишҷӯёни тоҷик дар Қазоқистон иҷро шудааст.

Вай афзуд, дар ҳоли ҳозир саҳмияи шаҳрвандони тоҷик барои осонсозӣ дар донишгоҳҳои Қазоқистон 50 нафар аст, ки ин мизон то 100 нафар афзоиш хоҳад ёфт.

Дипломати Қазоқистон ҳамчунин ба тавсеаи равобити дуҷонибаи иқтисодӣ байни ду кишвар ишора кард ва гуфт, мубодилоти тиҷорӣ байни Нурсултон ва Душанбе дар 11 моҳи соли ҷории мелодӣ бо афзоиши 30. 6 дарсадӣ ба як миллиарду 39 миллион доллар расид.