Ноябр 14, 2016 19:05 Asia/Dushanbe
  • Созишномаи  Тоҷикистону Чинро парлумон баррасӣ мекунад

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи созишнома миёни ин кишвар ва Чин дар мавриди бунёди дидбонгоҳҳои марзиро барои баррасӣ ба ҷаласаи навбатии парлумон пешниҳод кардааст.

Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки рӯзи 14 ноябр баргузор шуд, таъкид гардидааст, ки созишномаи мазкур 1 октябр дар Душанбе имзо шуда,  ҳадаф аз он рушди муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкориҳои амниятӣ  байни мақомоти зидахли  ду кишвар аст.

Интизор аст, ки вакилони парлумони Тоҷикистон дар рӯзҳои наздик дар ҷаласаи навбатии хеш тарҳи созишномаи мазкурро баррасӣ ва ба эҳтимоли зиёд онро тасвиб кунанд.

Дар ҳоле ки сомонаи расмии Маҷлиси намояндагон аз тавзеҳоти бештар дар мавриди тарҳи созишномаи номбурдаи худдорӣ кардааст, бархе расонаҳои маҳаллӣ бо такя ба манобеи хеш менависанд, ки тибқи ин санад, Чин уҳдадор шудааст, ки бо роҳи ҷудо намудани кӯмакҳои билоивази молӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон се қароргоҳи нерӯҳои марзбонӣ, панҷ дидбонгоҳи марзӣ ва як маркази омӯзишӣ бунёд кунад. Ба навиштаи ин манобеъ, Чин ҳамчунин барои марзбонҳои тоҷик биноҳои идорӣ ва хидматӣ, макони зист, майдонҳои тамринӣ, анбор ва дигар иншооти ёрирасонро бунёд карда, бо таҷҳизоту муҳимот таъмин хоҳад кард. Ҷониби  Чин мувазаф  шудааст, ки тарҳи сохтмони ин иншооти низомиро таҳия карда, тавассути муҳандисони чинӣ  ба иҷро расонад.

Дар навбати хеш ҷониби Тоҷикистон бар асоси тарҳи ин  созишнома вазифадор шудааст, барои сохтмони  иншооти марзбонӣ қитъаи  замин ҷудо карда, амнияти кормандони чиниро дар марз таъмин кунад.  Дар баробари ин,  тибқи  ин созишнома, ҷониби Чин аз пардохти ҳама анвои молиёт, боҷҳои гумрукӣ ва дигар пардохтҳое, ки бо сохтмон бастагӣ доранд, озод карда мешавад.

Ба гуфтаи коршиносон, Чин бо назардошти манофеи амниятии хеш ҳифзи марзи Тоҷикистонро тақвият мебахшад, ки  Русия низ бо ин амр мухолифат надорад, зеро ин иқдом ба нафъи Маскав низ ҳаст.

Ёдовар мешавем, ки дар оғози соли ҷорӣ  бо сармоягузории Чин дидбонгоҳи сарҳадии "Гулхан"  дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, дар марз бо Афғонистон бунёд шуда, дар моҳи май имсол бошад, дар Душанбе бинои “Хонаи афсарон”-и марбут ба Вазорати дифои Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки бо харҷи 15 миллион доллар кӯмаки билоивази Чин  сохта шудааст. Аз сӯйи дигар дар авохири моҳи октябри соли ҷорӣ дар ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон тамриноти муштараки зиддитеррористии нерӯҳои вижаи Тоҷикистону Чин баргузор шуд.