Ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ
(last modified Wed, 29 Dec 2021 10:23:37 GMT )
Декабр 29, 2021 15:23 Asia/Dushanbe
  • Ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ширкат кард.

Ба гузориши дафтари матбуотии Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин нишаст ширкаткунандагон роҷеъ ба тақвияти бештари ҳамкориҳои чандҷониба байни кишварҳои ИДМ, азҷумла дар замининаҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ, дифоӣ ва амниятӣ, дармонӣ ва беҳдоштӣ, омӯзишӣ ва фарҳангиву башардӯстона баҳсу табодули назар карданд.

Яке аз мавзӯҳои муҳим дар ин нишаст барномаҳои муштараки кишварҳои узв дар заминаи муқобила бо Ковид -19 буд.

Анна Попова, раиси Созмони ғизо ва дорӯи Русия дар ин нишаст гуфт, Русия бо мақомоти Тоҷикистон ва Узбакистон созшномаи ҳамкорӣ дар мавриди кумаки таҷҳизотӣ, озмоишгоҳӣ ва омӯзишӣ дар заминаи муқобила бо густариши бемории Ковид - 19 имзо кардааст.

Дар ҳошияи ин нишаст раисони ҷумҳурии Русия ва Тоҷикистон дидор ва роҳҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро низ баррасӣ карданд.