Декабр 30, 2021 08:45 Asia/Dushanbe
  • Илова шудани рӯзҳои кормандони адлия ва созмони зиндонҳо ба тақвими расмии Тоҷикистон

Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон тарҳи илова шудани рӯзҳои кормандони адлия ва созмони зиндонҳо ба тақвими расмии ин кишварро тасвиб кард.

Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, акнӯн рӯзи 20 апрели ҳар сол ба унвони Рӯзи кормандони адлия ва рӯзи 26 июл Рӯзи кормандони созмони зиндонҳои Тоҷикистон номгузорӣ шудааст.

Ин тарҳ аз сӯи Ҳукумати Тоҷикистон барои тасвиб ба Маҷлиси Намояндагони ин кишвар ироа шуда буд.

Дар Тоҷикистон рӯзҳои Иди Саиди Фитр ва Қурбон, соли нави милодӣ, Наврӯз, Рӯзи модар, Иди ғалаба, солрӯзи Истиқлол, Ваҳдати миллӣ ва Рӯзи қонуни асосӣ, таътили расмӣ мебошад.

Ҳамчунин рӯзҳои якшанбеи ҳар ҳафта ба унвони Рӯзи кормандони бахшҳои мухталифи иқтисодӣ, фарҳангӣ ва омӯзишу парвариш, дармону беҳдошт, интизомӣ, амниятӣ, дифоӣ ва марзбонон номгузорӣ шудааст.

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп