Таваққуфи хабаргузории “Тоҷнюз” дар Тоҷикистон
(last modified Mon, 14 Nov 2016 14:28:10 GMT )
Ноябр 14, 2016 19:28 Asia/Dushanbe

Хабаргузории мустақили “Тоҷнюз” дар Тоҷикистон, пас аз 17 соли фаъолият ба кори расонаии худ поён дод.

Имрӯз хабаргузории мустақили “Тоҷ нюз” зимни эъломи таваққуфи фаъолияти худ навишт, мо интизор доштем, ки баъд аз таваққуфи чопи нашри “Нигоҳ” навбати мо мерасад, ҳамчунон, ки навбати як ё ду расонаи мустақили боқимонда низ хоҳад расид.

Хабаргузории “Тоҷнюз” дар ин иттилоияе, иллати қатъи фаъолияти худро набуди шароити лозим барои фаъолияти як расонаи мустақил ва набуди фазои озоди расонаӣ, дар Тоҷикистон эълом кардааст.

Ҳамкорамон Беҳрӯзи Саидхоҷа аз Душанбе гузориш медиҳад: