Шиносоии ҷасади беному нишони яке аз шаҳрвандони Тоҷикистон
(last modified Sun, 02 Jan 2022 06:13:35 GMT )
Январ 02, 2022 11:13 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии ҷасади беному нишони яке аз шаҳрвандони Тоҷикистон

Ҷасади шаҳрванди тоҷикро, ки марзбонони Толибон дар ноҳияи Хоҳони Афғонистон пайдо карданд, шиносоӣ шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз яке аз манобеи хабарии Осиёи Марказӣ ин ҷасад дар ноҳияи Хоҳони вилояти Бадахшони Афғонистон пайдо шуд .
23 декабр корбарони шабакаҳои иҷтимоии афғон акси ҷасаду гузарномаи тоҷикистониеро бо номи Кароматуллоҳ Қурбонов мунташир карданд, ки ҷасадаш дар соҳили рӯдхонаи Панҷ пайдо шуда буд .
Як манбаи хабарии идораи полис гуфт : Толибон ҷасади пайдошударо ба марзбонони Тоҷикистон супурданд.
Манобеи хабарии полис эълом карданд ин фард дар рӯдхона ғарқ шудааст .
Пас аз шиносоӣ мушаххас шуда, ки фарди фавтшуда Муҳаммадҷон Қурбонови 18 сола, сокини ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон буда ва гузарномаи ҳамроҳи ӯ аз они бародари 29 солааш будааст.

Ин ду бародар охири октябр аз Русия бозгаштанд, онҳо 31 декабр ба хонаводаи худ гуфтаанд ки ба Кулоб мераванд, аммо ба ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон, ки ҳаммарз бо Афғонистон аст, сафар карданд .
Ҳануз хабаре аз Кароматуллоҳ Қурбонов- бародари Муҳаммадҷон нест ва мушаххас нашуда ин ҷавон дар чӣ шароите дар рудхонаи Панҷ ғарқ шудааст .
Бастагони ин ду ҷавон дар ин маврид изҳори назар накарданд .
Мақомот дар ҳоли баррасии "иддаоҳое дар бораи инки бародарони Қурбонов қасд доштанд ба гуруҳҳои ифротии он сӯи марз бипайванданд " ҳастанд .
Бародари бузургтари ин ду ҷавон ба гумони узвият дар созмонҳои ифротӣ таҳти таъқиб аст. Ба ҳамин далел таҳқиқот дар мавриди иддаоҳое дар бораи инки ӯ саъй карда аз марз барои пайвастан ба гуруҳҳои ифротӣ гузар кунад, идома дорад .