Тақвияти ҳамкории Тоҷикистону Русия барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i79140-Тақвияти_ҳамкории_Тоҷикистону_Русия_барои_мубориза_бо_қочоқи_маводи_мухаддир
Тоҷикистону Русия ҳамкорӣ дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддирро тақвият мекунанд .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 02, 2022 14:49 Asia/Dushanbe
  • Тақвияти ҳамкории Тоҷикистону Русия барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир

Тоҷикистону Русия ҳамкорӣ дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддирро тақвият мекунанд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, Ҳабибуллоҳ Воҳидзода. раиси Ожонси мубориза бар зидди маводи мухаддири Тоҷикистон бо Игор Лякин-Фролов-сафири Русия дар Тоҷикистон ва Алексей Игоров- раиси нави намояндагии Вазорати дохилаи Русия дар Тоҷикистон дидор кард .
Дар ин дидор тарафҳо дар мавриди масоили муҳими ҳамкориҳои дуҷониба дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва ҳамчунин масоили амниятии минтақа дар ин замина ройзанӣ карданд .
Дар поёни ин нишаст ду тараф омодагии худро барои тақвияти бештари ҳамкориҳо эълом ва пешнависи тавофуқнома дар бораи ҳамкорӣ ва кумак ба Ожонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддирро имзо карданд.