Январ 02, 2022 15:48 Asia/Dushanbe
  • Саргардонии коргарони муҳоҷирони тоҷик дар фурудгоҳи Маскав

40 коргари муҳоҷири ихроҷии тоҷик дар фурудгоҳи шаҳри Маскав саргардон ҳастанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи муҳоҷиратии migrantnews. info/ru ин афрод мегӯянд далели ихроҷ аз Маскавро намедонанд .
Бар асоси қонуни нави Русия дар соли 2022 бархурд бо коргарони муҳоҷири муттахаллиф ташдид шудааст ва ин афрод дар додгоҳҳо ҷарима ва ба кишварашон истирдод мешаванд .
Ҳамчунин бар асоси ин қонун бозгашти дубораи онҳо ба Русия низ мамнуъ аст .

Аммо Каримҷон Ёров-мудофеъи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия муътақид аст, ки дар бархе аз мавридҳо полиси ин кишвар ҳатто барои тахаллуфоти ронандагӣ ва сари вақт  пардохт накардани ҳаққи масрафи об, барқ ва газ низ иқдом ба боздошти коргарони муҳоҷир мекунад .
Бар асоси омори расмӣ таи солҳои ахир Русия 300 ҳазор коргари муҳоҷири тоҷикро ихроҷ кардааст.
Ин дар ҳоле аст, ки мақомоти Вазорати кору муҳоҷирати Тоҷикистон аз коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия дархост кардааст, ки ба далели ташдиди қонуни муҳоҷират, муқаррароти кор ва истиқомат дар ин кишварро риъоят кунанд .

 

Барчасп