Сафари бидуни раводиди шаҳрвандони Арабистон ба Тоҷикистон
(last modified Tue, 04 Jan 2022 16:25:01 GMT )
Январ 04, 2022 21:25 Asia/Dushanbe
  • Сафари бидуни раводиди  шаҳрвандони Арабистон ба Тоҷикистон

Сафири Тоҷикистон дар Риёз муқарароти низоми сафар бидуни раводиди шаҳрвандони Арабистони Саъуди ба Тоҷикистонро тавзеҳ дод.

Ба гузориши сомонаи ТоҷВик, Акрам Каримӣ дар нишасти хабарӣ дар Риёз дар борати тасмими ҳукумати Тоҷикистон бино бар иҷрои низоми сафари бидуни раводиди шаҳрвандони Арабистони Саъудӣ итилоъоте ироа кард.

Вай дар ин нишаст, ки бо мушорикати ширкатҳои гардишгарӣ ва сармоягузории Арабистони Саъудӣ ва Тоҷикитон баргузор гардид таъкид кард, ки Тоҷикистон аз рӯзи аввали январи соли 2022 низоми сафар бидуни раводиди шаҳрвандони Арабистон Саъудиро амалӣ кардааст.

Ҳадаф аз ин иқдом ташвиқи шаҳрвандонӣ Арабистон барои сафар ба Тоҷикистон, ҷазби сармояи ширкатҳои арабистонӣ ба иқтисоди ин кишвар ва ошноӣ бо қонунҳои гардишгарии Тоҷикистон унвон шудааст.

Дар ин нишаст наворҳои видеоӣ дар бораи ҷозибаҳои гардишгарии Тоҷикистон низ намоиш дода шуд.

Ин дар ҳоле аст, ки бар асоси гузориши Ожонси давлати омори Тоҷикистон вобаста ба ниҳоди раёсати ҷумҳурии ин кишвар, мубодилоти тиҷоратии миёни Душанбе ва Риёз дар 11 моҳи соли 2021 ба 305 ҳазор доллар расид, ки ҳамагӣ содирот аз Арабистон ба Тоҷикистон мебошад.

 

Бештар бихонед:

Дидори сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ бо Дабири кулли ҷадиди СҲИ

Иҷрои тарҳҳои муштарак, меҳвари дидори мақомоти Тоҷикистон ва Арабистон

Тоҷикистон ва Арабистон ба баррасии ҳамкорӣ дар заминаи тандурустӣ пардохтанд