Ноябр 15, 2016 18:03 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулъодаи Тоҷикистон ба шаҳрвандон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулъода ва мудофиаи гарждании Тоҷикистон аз номусоид шудани обу ҳаво дар ин кишвар дар рӯзҳои оянда хабар додааст.

Ба иттилои хабаргузории Авесто, Умеда Юсуфова, сухангуи ин кумита эълом кард, аз 19 то 26-и ноябр ҳарорати ҳаво дар кишвар коҳиш меёбад ва бориши бороне, ки шояд ба барф табдил шавад, пешбинӣ шудааст.

Ба гуфтаи вай, дар ин рӯзҳо ба вуҷуд омадани яхбандон дар ҷоддаҳои кӯҳистонии Тоҷикистон аз эҳтимол дур нест.

Ҳамчунин Комитаи ҳолатҳои фавқулъодаи Тоҷикистон дар бораи шикаста шудани сутунҳои барқ ва қатъи барқ, осеб расидан ба шаҳрвандон ва низ афзоиш ёфтани тасодуфот дар ин рӯзҳо ҳушдор додааст.

Ба ҳамин сабаб ин кумита аз шаҳрвандон хостааст, дар рӯзҳои ёдшуда то ҳадди имкон аз ҳаракат дар ҷоддаҳои кӯҳистон худдорӣ варзанд ва ҳангоми ронандагӣ эҳтиёт кунанд.