Январ 09, 2022 20:12 Asia/Dushanbe
  • Паёми Вазири хориҷаи Тоҷикистон ба Амир Абдулоҳиён

Вазири хориҷаи Тоҷикистон дар паёме ба Визири хориҷаи Эрон сиюмин солгарди барқарории равобити димломотии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эронро табрик гуфт

Ба  гузориши радиои тоҷики Садои Хуросон, матни паёми Сироҷиддин Муҳриддин ба Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён ба муносибати сиюмин солгарди барқарории равобити дипломотии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ин шарҳ аст:

Ҷаноби оқои доктор Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён вазири муҳтарами умури хориҷаи Ҷумҳурии Ислоимии Эрон бо камоли хурсандӣ сиюмин солгарди барқарории равобити дипломотии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эронро ба ҷаноби олӣ табрик мегӯям. Боиси хушҳолӣ аст, ки дар ин марҳала муносибатҳои дустӣ ва бародарӣ ва ҳамкориҳои судманди ду кишвар ба таври мустамар рушд ва тавсеа ёфт ва заминасози ҷанбаҳои ҷадиди созанда шуда аст.

Тарафи Тоҷикистон сатҳи кунунии ҳамкориҳоро муҳим арзёбӣ намуда, хоҳони густариши ояндаи муносибатҳо дар ҳамаи арсаҳои маврди таваҷҷуҳи ҳар ду тараф мебошад. Боварии комил дорам бо кушишу талошҳои пайгирона ва созандаи ҳар ду тараф тамоми зарфиятҳо ва тавонмандиҳо дар ростои манофеъи мардумонамон дар оянда низ беш аз гузашта мавриди истифодаи босамар қарор хоҳанд гирифт. Бо истифода аз фурсат барои ҷаноби олӣ саломатӣ ва пирӯзӣ, барои мардуми дуст ва бародари Эрон осоиш ва суботи пойдор ва рифоҳу шукуфоии кишваратонро орзу менамоем.

Бо эҳтиром Сироҷиддин Муҳриддин.

 

Барчасп