Бонки ҷаҳонӣ коҳиши рушди иқтисоди Тоҷикистонро барои соли 2022 пешбинӣ кард
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i79680
Бонки ҷаҳонӣ барои кишварҳои Осиёи марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон коҳиши рушди иқтисодӣ дар соли 2022-ро пешбинӣ кард .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 12, 2022 18:17 Asia/Dushanbe
  • Бонки ҷаҳонӣ коҳиши рушди иқтисоди Тоҷикистонро барои соли 2022 пешбинӣ кард

Бонки ҷаҳонӣ барои кишварҳои Осиёи марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон коҳиши рушди иқтисодӣ дар соли 2022-ро пешбинӣ кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷвек, дар тозатарин гузориши Бонки ҷаҳонӣ таъкид шудааст, ки дар соли ҷадиди 2022 рушди иқтисодии кишварҳои Осиёи марказӣ 3 дарсад хоҳад буд, ки дар Тоҷикистон ин нишондод панҷу ним дарсад хоҳад буд .
Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ далел кунд шудани рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2022-ро идомаи густариши бемории Ковид19, афзоиши қимати сӯхт ва ташаннуҷ дар марзи муштараки ин кишвар бо Қирғизистон унвон мекунанд, ки бозори молии минтақаро низ таҳти таъсир қарор хоҳад дод .
Ин дар ҳоле аст, ки дар соли 2021 ҳукумати Тоҷикистон мизони рушди иқтисоди ин кишварро 7.6 дарсад пешбинӣ карда буд . Аммо коршиносони Бонки ҷаҳонӣ рушди 3.5 дарсадӣ дар соли гузаштаи 2021 барои иқтисоди Тоҷикистонро пешбинӣ карда буданд .