Январ 13, 2022 16:39 Asia/Dushanbe
  • Баргузории мусобиқоти қаҳрамонии футзали бонувони CAFA – 2022  дар Тоҷикистон

Душанбе-мизбони мусобиқоти қаҳрамонии футзали бонувони CAFA - 2022 хоҳад буд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, ин рақобатҳо аз 19 то 29 январ дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад .
Чаҳор тими Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон ва Қирғизистон дар ин рақобатҳо ширкат мекунанд.
Мусобиқоти қаҳрамонии футзали бонувони CAFA - 2022 дар ду даври рафту баргашт баргузор мешавад ва ҳар тим шаш бозӣ баргузор мекунад.
Маҳали баргузории бозиҳо маҷмӯъаи варзишии Кохи теннису варзишҳои обии шаҳри Душанбе аст.

 

Барчасп