Низомиёни Тоҷикистон аз Қазоқистон ба кишварашон баргаштанд
(last modified Fri, 14 Jan 2022 15:36:53 GMT )
Январ 14, 2022 20:36 Asia/Dushanbe
  • Низомиёни Тоҷикистон аз Қазоқистон ба кишварашон баргаштанд

Неруҳои низомии Тоҷикистон дар поёни маъмурияти сулҳбонии хеш Қазоқистонро тарк кардаанд.

Ба гузориши сомонаи «Тоҷ Вик», 200 низомии тоҷик, ки дар қолаби неруи ҳофизи сулҳи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ба дархости мақомоти Қазоқистон ба ин кишвар рафта буданд, бар асоси тавофуқи вазирони дифои ин созмон, пас аз поёни маъмурият ба Тоҷикистон баргаштанд.

Онон тавассути ҳавопаймои Ил - 76 артиши Русия аз Алмаатои Қазоқистон ба Тоҷикистон мунтақил ва дар макони қаблии хидмати хеш мустақар шуданд.

Дар ин парвоз 31 донишҷӯи тоҷик, ки дар Донишгоҳи неруи заминии артиши Қазоқистон таҳсил мекарданд, ба далели таътилоти зимистона ба Тоҷикистон мунтақил шуданд.

Аз сӯйи дигар, дар дидори охири Қосим Ҷоомарт Тоқаев, раиси Ҷумҳурии Қазоқистон аз иқдоми бамавқеъ ва муҳими СПАД барои эъзоми нерӯ ба кишвараш барои кумак ба барқарории субот ва амният ташаккур кард.