Январ 15, 2022 11:04 Asia/Dushanbe
  • Таъйини фармондеҳи ҷадиди пойгоҳи низомии 201-и артиши Русия дар Тоҷикистон

Вазорати дифои Русия фармондеҳи ҷадиди пойгоҳи низомии 201-и артиши ин кишвар дар Тоҷикистонро мансуб кард.

Ба гузориши сомонаи вазорати дифои Русия, генерал Александр Лапин, фармондеҳи ҳавзаи марказии низомии Русия аз тариқи иртиботи тасвирӣ полковник Евгениии Ковилинро, ки ахиран бар асоси фармони вазири дифои Русия ба мақоми фармондеҳии пойгоҳи низомии 201-и артиши ин кишвар дар Тоҷикистон мансӯб шудааст, муаррифӣ кард.

Гуфта мешавад, ки вай донишомӯхта донишгоҳи низомии нерӯи зиреҳии Русия ва Академияи фармондеҳии ситоди кулли артиши ин кишвар мебошад, ки дар манотиқи Урал, савоҳил руди Волга ва Тоҷикистон хизмат кардааст.

Пойгоҳи 201-и низомии артиши Русия мустуқар дар Тоҷикистон, бузургтарин маркази нерӯи заминии ин кишвар дар хориҷ ба ҳисоб меояд, ки наздик ба 7 ҳазор нерӯ дорад ва дар атрофи шаҳрҳои Бохтар ва Душанбе мустақар аст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп