Эъломи таърихи азсаргирии парвозҳо миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Таърихи азсаргирии парвозҳо миёни Тоҷикистону Қазоқистон эълом шуд.
Мақомоти ширкати ҳавопаймоии Сомон Айри Тоҷикистон замони азсаргирии парвозҳо аз шаҳри Душанбе ба Алмаатои Қазоқистонро эълом карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар,нахустин парвози ин ширкат аз шаҳри Душанбе ба Алмаатои Қазоқистон 19 январи соли ҷорӣ анҷом хоҳад шуд .
Аммо ширкати ҳавопаймоии Аэр-Остонаи Қазоқистон нахустин парвоз ба мақсади шаҳри Душанберо 16 январи соли ҷорӣ анҷом медиҳад.
Ба далели авзоъи амниятии Қазоқистон парвозҳо миёни ин кишвар ва Тоҷикистон аз 2 январи соли ҷорӣ қатъ шуда буд .
Мақомоти ширкати ҳавопаймоии Сомон Айр аз мусофирон дархост кардаанд ба далели иҷрои муқаррароти нави беҳдоштӣ дар пайи густариши вируси Омикрон дар Қазоқистон бояд гувоҳиномаи озмоиши манфии ин беморӣ бо эътибори 72 соъат қабл аз парвозро ҳамроҳи худ дошта бошанд .