Январ 17, 2022 21:59 Asia/Dushanbe
  • Боздошти як зани тоҷики таҳти таъқиби Интерпол дар Украина ба иттиҳоми терроризм

Кормандони бахши амниятии фурудгоҳи шаҳри Одесса дар Украина аз боздошти як зани шаҳрванди Тоҷикистон хабар доданд, ки таҳти пайгарди қазоии полиси байналмиллалӣ қарор дошта аст.

Ба гузориши сомонаи Спутник, дар иттилоъияи мақомоти марзбонии Украина таъкид шуда аст, ки ин зани 32 сола, шаҳрванди Тоҷикистон мебошад, ки бар асоси дархости мақомоти қазоии ин кишвар таҳти таъқиби полиси байналмиллал буд.

Номи ин боздоштшудаи тоҷикистонӣ эълом нашуда аст.

Гуфта мешавад, ки иттиҳоми ин зан иртибот бо гуруҳҳои террористи унвон мешавад, ки акнун истирдоди ӯ  ба Тоҷикистон дар дасти баррасӣ аст. Аз сӯи дигар сарҳанг Назаров Шаҳриёр намояндаи полиси байланмиллал дар Тоҷикистон чанди пеш эълом кард, ки 3 ҳазору 140 шаҳрванди ин кишвар аз тариқи Интерпол таҳти таъқиб қарор доранд.

Вай гуфта аст, ки ҳамкорӣ бо полиси байналмиллал созанда мебошад ва ҳамасола наздики 100 нафар афроди таҳти таъқиб дар кишварҳои мухталиф боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод мешаванд.

 

Барчасп