Иҷрои 100 дарсадии барномаи тазриқи воксани корона ба сокинони Душанбе
(last modified Wed, 19 Jan 2022 05:38:40 GMT )
Январ 19, 2022 10:38 Asia/Dushanbe
  • Иҷрои 100 дарсадии барномаи тазриқи воксани корона ба сокинони Душанбе

Шаҳрдори Душанбе гуфт, 100 дарсади тарҳи тазриқи воксани корона ба сокинони пойтахти Тоҷикистон иҷро шуд.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Рустами Эмомалӣ гуфт, 725 ҳазор нафар аз ҷамъияти ҳадафи шаҳри Душанбе воксани корона тазриқ карданд, ки ин теъдод баробар бо 100 дарсад аз афроди болои 18 соли пойтахти Тоҷикистон аст.

Ба гуфтаи вай, ба ин манзур хориҷ аз чорчӯби барномаи Ковакс ва кумаки молии Бонки Ҷаҳонӣ 1 миллиону 500 ҳазор доза воксани корона дар ихтиёри сокинони шаҳри Душанбе қарор гирифт.

Ин дар ҳоле аст, ки мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом карданд, то имрӯз 3 миллиону 800 ҳазор нафар аз сокинони ин кишвар ки баробар бо 65 дарсад аз афроди болои 18 сол аст, воксани корона тазриқ карданд.

 

Бештар бихонед: