Январ 19, 2022 13:06 Asia/Dushanbe
  • Оғози размоиши Неруҳои мусаллаҳи Русия дар хоки Тоҷикистон

Фармондеҳии низомии марказии Русия аз оғози тамриноти воҳидҳои пойгоҳи 201 ин кишвар дар хоки Тоҷикистон хабар дод.

Ба гузориши “Форс”, размоиши тактикӣ бо ширкати ҳазор нафар аз неруҳои воҳиди пойгоҳи низомии 201 Русия дар пойгоҳҳои низомии «Лоҳур» ва «Сумбула»-и Тоҷикистон оғоз шуд.

Дар ин размоиш неруҳои низомии пойгоҳи 201 Русия бо истифода аз сомонаҳои шиносоӣ – зарбатӣ ва бо пуштибонии тӯпхона ва неруҳои ҳавоӣ иқдомоти дифоӣ ва таҳоҷумӣ анҷом хоҳанд дод.

Ба гуфтаи ҳавзаи низомии марказӣ, неруҳои низомӣ ҳамчунин аз анвои силоҳҳои сабук, норинҷакандоз ва силоҳҳои мошинҳои низомӣ ба самти аҳдофе шабеҳи мошинҳои чархзанҷирӣ, чархдор ва неруи инсонии душман, шиллики мустақим хоҳанд кард.

Ҳадафи аслии ин размоиши тактикӣ озмоиши мизони омодагии размии воҳидҳои пиёда ва саворӣ ва инсиҷоми онҳо дар анҷоми вазоифи омӯзиши размӣ аст.

 

 

 

 

Барчасп