Январ 21, 2022 22:18 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Тоҷикистон ва Миср бар густариши ҳамкориҳои дуҷониба

Дар дидори мақомоти Тоҷикистон ва Миср дар шаҳри Қоҳира бар густаришу тақвияти равобит байни ду кишвар таъкид шуд.

Ба гузориши “Форс”, Заробиддин Қосимӣ, сафири Тоҷикистон дар Қоҳира бо Имон Комил, муовини вазири умури хориҷаи Миср дар умури кишварҳои осиёӣ дидору гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор мавзӯоти мухталиф дар ҷиҳати тақвияти равобити дӯстона ва густариши ҳамкорӣ байни ду кишвар баррасӣ шуд.

Дар идома лузуми ташдиди тамосҳо аз тариқи анҷоми сафарҳои мутақобил дар сутуҳи мухталиф мавриди тавваҷуҳи вижаи ду тараф қарор гирифт.

 

Барчасп