Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми мушорикат дар дуздӣ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i80196-Боздошти_шаҳрванди_Тоҷикистон_ба_иттиҳоми_мушорикат_дар_дуздӣ
Шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми мушорикат дар дуздӣ дастгир шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 23, 2022 11:21 Asia/Dushanbe
  • Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми мушорикат дар дуздӣ

Шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми мушорикат дар дуздӣ дастгир шуд.

Кормандони полиси Маскав аз боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон хабар додаанд .
Ин шаҳрванди Тоҷикистон муттаҳам аст, ки бо ҳамкории ду нафари дигар 100 миллион рубл аз манзили ҳамсари яке аз навозандаҳои машҳури рус дуздӣ кардааст .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи РИА Новости, полиси Маскав бидуни эъломи номи ин табаъаи Тоҷикистон эълом кард,ки вай 25 сол дорад ва дар яке аз бозорҳои шаҳри Маскав тиҷорат мекардааст .
Гуфта мешавад, ки яке аз аъзои ин гуруҳ ба Қазоқистон фирор карда ва ҷустуҷу барои дастгирии вай идома дорад .
Мақомоти полис муътақиданд, ки дуздон барои дуздии амволи хонуми ин навозандаи русӣ иқдом ба тасодуфи сохтагӣ карданд ва ӯро ба зӯру таҳдид ба хонааш бардаанд ва бо дуздидани амволаш фирор кардаанд.