Январ 24, 2022 19:52 Asia/Dushanbe
  • Баррасии тавофуқномаиҳамкории ҳамлу нақли байналмиллалии рели дар Маҷлиси Тоҷикистон

Намояндагони Маҷлиси Тоҷикистон тавофуқномаи ҳамкории ҳамлу нақли релӣ (роҳи оҳан) байни Тоҷикистон ва Туркманистонро баррасӣ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ҷаласаи Парлумони Тоҷикистон, ки ба раёсати Муҳаммадтоҳири Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагон баргузор шуд мувофиқатномаи ҳамкорӣ байни давлатҳои Тоҷикистон ва Туркманистон дар заминаи ҳамлу нақли релӣ баҳсу баррасӣ шуд.

Тасвиби ин мувофиқатнома боиси афзоиши сатҳи хадамоти ҳамлу нақли байналмиллалӣ, содирот, воридот ва транзити коло аз тариқи роҳи оҳан байни Тоҷикистон ва Туркманистон, тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва афзоиши гардиши молӣ мешавад.

Дар сурати тасвиби ин мувофиқатнома колоҳо ва маҳсулоти ду кишвар бо истифода аз хатҳои релии транзитӣ ва бандари Туркманбошии Туркманистон аз тариқи баҳри Хазар ба дигар кишварҳои аврупоӣ содир хоҳад шуд.

 

Барчасп