Эъломи номҳои 6 шаҳрванди кушташудаи Тоҷикистон дар Русия
(last modified Thu, 27 Jan 2022 13:34:23 GMT )
Январ 27, 2022 18:34 Asia/Dushanbe
  • Эъломи номҳои 6 шаҳрванди кушташудаи Тоҷикистон дар Русия

Номҳои 6 шаҳрванди кушташудаи Тоҷикистон дар Русия эълом шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин 6 муҳоҷири тоҷик бар асари заҳролудшавӣ аз газ дар вилояти Волгогради Русия ҷон бохтанд.
Онҳо мутаваллиди ноҳияҳои Ҷайҳуну Бохтар дар вилояти Хатлони Тоҷикистон буданду байни 20 то 37 сол син доштанд .
Қобилҷон Файзиддиновосимҷон Файзиддинов, Нуриддин Файзиддинов, Сайидакрам Кабутов, Идибек Саломов ва Муҳаммадҷони Раҳмоналӣ 6 нафар тоҷике ҳастанд, ки дар ин ҳодис фавт карданд.

Сайидаҳмад Маҳмудов, раиси Анҷумани тоҷикони Волгоград гуфт : Муҳоҷирони тоҷик дар гулхонае  дар шаҳри Рахинко кор мекарданд ва ин ҳодиса дар шаби 25 - 26 январ рух дод .
Вай гуфт : Газ хуруҷ кардааст ва яке аз муҳоҷирон қасд дошт аробаро аз гулхона берун биоварад, ки хафа шудааст. Як муҳоҷири дигар ба дидани ӯ омада заҳролуд  шудааст ва дигар шариконашон  низ вориди гулхона ва хафа шуданд . "
Ба гуфтаи  Маҳмудов нафари ҳафтум зинда монд ва дар ҳоли ҳозир дар бемористон бистарӣ аст .

Мақомоти Русия мегӯянд, ки таҳқиқотеро дар мавриди марги шаш муҳоҷири тоҷик оғоз кардаанд .
Ба гуфтаи онҳо шаҳрвандони тоҷик ба сурати қонунӣ кор мекарданд, аммо " аз стандартҳои эинӣ дар гулхона пайравӣ намекарданд . "

Русия мизбони аслии муҳоҷирони коргари Тоҷикистон аст .
Дар ҳоле, ки мақомоти Тоҷикистони теъдоди муҳоҷирон дар Русияро камтар аз ним миллион нафар эълом карданд, мақомоти русӣ ин рақамро беш аз як миллион нафар медонанд .