Январ 28, 2022 17:21 Asia/Dushanbe
  • Таъйини сармураббии нави тими миллии футболи Тоҷикистон

Петр Сегрт ба унвони сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон мансуб шуд.

Ба гузориши Федератсияи футболи Тоҷикистон, Петр Сегрти 55 сола ҳидояти тими миллии Тоҷикистонро дар мусобиқоти муқаддамотии Ҷоми миллатҳои Осиё – 2023, ки аз 8 то 14 июн баргузор мешавад, бар уҳда дорад.

Сармураббии олмонии тими миллии футболи Тоҷикистон хорватиятабор аст ва сармураббигарии тимҳои миллии футболи Афғонистон ва Молдоваро дар корнома дорад.

 

Барчасп