Январ 30, 2022 22:13 Asia/Dushanbe
  • Ширкати эронӣ барои кор дар Тоҷикистон киро мекунад

Як ширкати муҳандисии нақбҳои эронӣ теъдоде аз коргаронро барои кор дар Тоҷикистон киро мекунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бо истинод ба яке аз шабакаҳои хабарии Осиёи Марказӣ, як ширкати эронӣ, ки дар бахши муҳандисии нақб фаъолият мекунад, теъдоде аз коргарони тахассусиро ба кор ҷалб мекунад.

Ин нерӯҳо бояд дар Тоҷикистон мустақар шаванд.
Ширкат эълон кард, ки афроде, ки қобилияти кор бо шаҳодатномаи ронандагӣ ва бульдозеру экскаватор доранд, метавонанд барои кор муроҷиат кунанд.
Коргарон 5 сол собиқаи корӣ ва ҳадди аксар аз 40 солагӣ яке аз шартҳои шуғл дар ин ширкат аст.
 Коргарондар  бояд 50 рӯз кор кунанд ва 14 рӯз истироҳат кунанд.