Гаронии қимати билети ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия
(last modified Mon, 31 Jan 2022 07:28:15 GMT )
Январ 31, 2022 12:28 Asia/Dushanbe
  • Гаронии қимати билети ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия

Бо вуҷуди ҳушдори Созмони ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ, раванди афзоиши қимати билетҳо ҳамчунон идома дорад.

Ба гузориши сомонаи нашрияи Тоҷикистон, дар нишасти 18 январи мақомоти ин созмон бо намояндагони 4 ширкати ҳавопаймоии Русия ва ширкати “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон таъкид шуда буд, бояд барои коҳиши билети ҳавопаймо иқдом кунанд ва дар парвозҳои рафтубаргашт ин қимат набояд аз 500 доллар бештар шавад.

Аммо баррасиҳо нишон медиҳад, ки қимати билет барои ҳар мусофир аз шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар барои парвози яктарафа ба Русия байни 6 ҳазор то 7 ҳазору 500 сомонӣ таъйин шуда, ки ин қимат дар Узбакистон 3 ҳазору 700 сомонӣ аст.

Аз ин рӯ, бештари мусофирони тоҷик, ки қасди сафар ба Русия доранд, тарҷеҳ медиҳанд, ки аз шаҳрҳои Узбакистон парвоз кунанд.

Ин дар ҳоле аст, ки агар дар декабри соли 2021 қимати билети ҳавопаймо барои ҳар мусофир дар масири Тоҷикистон ба Русия 2 ҳазору 400 сомонӣ буд, акнун ин мизон ба 7 ҳазору 500 сомонӣ расидааст.

Аммо намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии Русия мегӯянд, ки иллати гаронии билети ҳавопаймо боло будани нархи хадамот дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон аст, ки дар муқоиса бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба маротиб бештар мебошад.

Масъулони ин ширкатҳо далели дигари афзоиши қимати билет дар парвозҳои муназзами ҳафтаиро афзоиши тақозо барои парвоз аз Тоҷикистон ба Русия ва гаронии сӯхт унвон мекунанд.