Коҳиши 50 дарсадии харҷи таҳсили донишҷуёни афғон дар донишгоҳи пизишии Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i80698
Раиси донишгоҳи пизишкии Тоҷикистон аз коҳиши харҷи таҳсил барои донишҷӯёни афғонистонӣ хабар дод.
(last modified 2025-07-05T06:57:06+00:00 )
Феврал 01, 2022 18:33 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши 50 дарсадии харҷи таҳсили донишҷуёни афғон дар донишгоҳи пизишии Тоҷикистон

Раиси донишгоҳи пизишкии Тоҷикистон аз коҳиши харҷи таҳсил барои донишҷӯёни афғонистонӣ хабар дод.

Ба гузориши хабаргузори Форс, Муҳаммадшоҳ Гулзода, раиси донишгоҳи давлатии пизишкии Тоҷикистон аз коҳиши харҷи таҳсил барои донишҷӯёни афғон хабар дод.

Вай гуфт: Бо таваҷҷуҳ ба вазъияти кунунии Афғонистон, мо тасмим гирифтем, ки харҷи таҳсили донишҷӯёни афғонро то 50 дарсад коҳиш диҳем.

Бино бар суханони Гулзода, маъофияти комили донишҷуёни афғон аз пардохти харҷи қарордод имкон пазир нест, бин бар ин тасмим гирифта шуд маблағи таҳсил барои онҳо ба нисф коҳиш ёбад.

Дар донишгоҳи давлати пизишкии Тоҷикистон 51 донишҷӯи афғонистонӣ таҳсил мекунанд.