Дархости ҳукми 30 сол зиндон барои Хӯҷа Каримов дар Тоҷикистон
(last modified 2022-02-05T07:14:41+00:00 )
Феврал 05, 2022 12:14 Asia/Dushanbe
  • Дархости ҳукми 30 сол зиндон барои Хӯҷа Каримов дар Тоҷикистон

Манобеи Додситонии кулли Тоҷикистон эълом кардаанд, ки ба далели ворид намудани иттиҳомоти ҷадид алайҳи Хӯҷа Каримов, яке аз фармондеҳони собиқи тарафдори ҳукумати вақт дар солҳои 1992 то 1997, акнун дархости 30 сол маҳкумият барои ӯ матраҳ шудааст.

Ба гузориши сомонаи Топ Тҷ, ин дар ҳоле аст, ки вайи пас аз истирдод аз Дубай дар соли 2020 бар асоси ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон ба иттиҳоми куштор, гаравгонгирӣ, шиканҷа ва доштани аслиҳаи ғайримуҷоз ба 14 сол зиндон маҳкум шуда буд.

Ба гуфтаи мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон 15 нафар алайҳи Хӯҷа Каримов дар мавриди куштор, гаравгонгирӣ ва шиканҷаи наздиконашон дар солҳои ҷанги дохилии ин кишвар шикоят кардаанд, ки рӯзҳои наздик Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми ҷадиди вайро эълом хоҳад кард.

Вай дар соли 2001 аз Тоҷикистон фирор кард ва тайи 20 сол дар Малайзия ва Дубай ба тиҷорат машғӯл буд, ки бо кумаки Полиси байналмилал ба дархости мақомоти қазоии кишвараш боздошт ва ба Душанбе истирдод шуд.