Баррасии роҳбурди нави Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i80822-Баррасии_роҳбурди_нави_Бонки_аврупоии_бозсозӣ_ва_рушд_дар_Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон ва Бонки бозсозӣ ва рушди Аврупо роҳҳои иҷрои тарҳҳои сармоягузориро баррасӣ карданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 07, 2022 11:14 Asia/Dushanbe
  • Баррасии роҳбурди нави Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд дар Тоҷикистон

Мақомоти Тоҷикистон ва Бонки бозсозӣ ва рушди Аврупо роҳҳои иҷрои тарҳҳои сармоягузориро баррасӣ карданд.

Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва мудирияти амволи давлатии Тоҷикистон ва Рики Иши, раиси намояндагии Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд дар шаҳри Душанбе дидору гуфтугӯ карданд.

Ду тараф дар ин дидор иҷрои пружаҳои сармоягузории давлатиро, ки тавассути ин бонк таъмини молӣ мешаванд, мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.

Дар ин мулоқот ҳамчунин стратегияи нави бонки мазкур барои Тоҷикистон, тақвияти бештари ҳамкорӣ дар заминаҳои ҳамлунақл, таъмини об, интиқол ба иқтисоди сабз, диҷиталисозӣ ва ҳимоят аз шуғлҳои тавлидӣ баррасӣ шуд.

Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд як ниҳоди молӣ аст, ки дар соли 1991 мелодӣ таъсис ва мақари он дар шаҳри Лондон қарор дорад.