Феврал 07, 2022 11:58 Asia/Dushanbe
  • Сохти хона барои муаллимон ва пизишкон дар Суғд

Барои муаллимон ва пизишкон дар вилояти Суғд хона сохта мешавад.

Ба гузориши дафтари матбуотии раёсати вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд гуфт, барои ҷилавгирӣ аз муҳоҷирати пизишкон ва муаллимон дар 18 шаҳру навоҳии вилоят ба онҳо хона сохта хоҳад шуд.

Вай бо нигаронкунанда хондани раванди муҳоҷирати муаллимон ва пизишкони ҷавон аз вилояти Суғд ба Русия эълом кард, танҳо роҳи поён додан ба раванди муҳоҷират, сохти хона барои ин афрод ва беҳбуди шароити зиндагии онон аст.

Ба гуфтаи раиси вилояти Суғд, фақат дар шаҳри Хуҷанд сохти 300 хона барои мутахассисон оғоз шудааст, ки ба таври ройгон дар соли ҷорӣ ба муаллимон ва пизишкони ҷавон таҳвил дода мешавад.