Феврал 07, 2022 15:38 Asia/Dushanbe
  • Дидори раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Чин

Раисони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷумҳурии халқии Чин бо ҳам мулоқот карданд.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи маросими ифтитоҳияи бозиҳои олимпии зимистонӣ дар пекин бо Си Ҷин Пинг, раиси ҷумҳурии халқии Чин дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши сомонаи “Ховар”, дар дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷин Пинг мавзуоти тавсеаи ҳамкориҳо дар ҳавзаҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, ба вижа санаот баррасӣ шуд.

Ду тараф дар бораи зарурати воридоти фанновариҳои ҷадид ва эҷоди заминаҳои тавлиди “фанноварии сабз” дар Тоҷикистон, ба вижа мошинҳои барқӣ, панелҳои хуршедӣ, сохтусоз ва таҷҳизи таъсисоти энержии Тоҷикистон ба фанновариҳои пешрафта баҳсу табодули назар карданд.

Тарафайн ҳамчунин густариши ҳамкориҳо дар заминаҳои кишоварзӣ, рушди содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Чинро баррасӣ карданд.

Муюориза бо терроризм ва ифротгароӣ, ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ, ҷудоиталабӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои кибернетикӣ аз дигар мавзуоти матраҳшуда дар ин мулоқот буд.