Ташкили парвандаи ҷиноӣ алайҳи модари вебблогнависи тоҷики муқими Олмон
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ташкили парвандаи ҷиноӣ алайҳи Шерзод Абдураҳмон, вебблогнависи тоҷики муқими Олмон хабар дод.
Ба гузориши сомонаи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, дар иттилоияи ин вазорат таъкид шудааст, ки хонум Шоҳида Муҳаммадҷонова ба иттиҳоми таъсиси гуруҳи ифротӣ ва террористӣ боздошт шуда ва алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ низ ташкил додаанд.
Бар асоси қонуни ҷиноии Тоҷикистон, банди марбут ба иттиҳоми ифротигарӣ ва терроризм, барои ин амал 2 то 5 сол зиндон пешбинӣ шудааст.
Дар ин иттилоия гуфта мешавад, ки Шерзод Абдураҳмон ба иттиҳоми узвият дар гуруҳҳои террористӣ ва ифротӣ таҳти пайгарди қазоӣ қарор дорад. Вай борҳо аз сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон дар маҳдудияти пӯшиши исломии бонувон ва масоили динӣ интиқод кардааст.
Ин дар ҳоле аст, ки наздик ба як ҳафта бастагони модари ин мунтақиди тоҷик, ки ба идораи полиси шаҳри Ваҳдат даъват шуда буд, аз сарнавишти вай бехабар ва нигарон буданд. Зеро мақомоти полиси ин шаҳр то интишори иттилоияи Вазорати амури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти хонум Шоҳида Муҳаммадҷонова ҳеҷ тавзеҳе роҷеъ ба даъвати вай ба ин идора ироа намекарданд.