Феврал 10, 2022 12:35 Asia/Dushanbe
  • Сафари додситони кулли Тоҷикистон ба устони Форс

Додситони кулли Тоҷикистон ба устони Форс сафар кард.

Додситони кулли Тоҷикистон дар як сафари ғайри расмӣ ба устони Форс сафар намуд ва аз маконҳои мазҳабӣ, фарҳангӣ ва таърихии Шероз дидан кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Додситони кулли Тоҷикистон дар оғози вуруд мавриди истиқболи раиси кулли Додгустарии устони Форс ва Додситони умумӣ ва инқилоби Шероз қарор гирифт ва пас аз ҳузур дар остонҳои муқадаси Аҳмадӣ ва Муҳаммадӣ ва зиёрати Шоҳчароғ(а) аз оромгоҳи шоирони номдор Ҳофизи Шерозӣ ва Саъди Шерозӣ дидан кард.

Ҳайати оли қазоии Тоҷикистон дар поёни сафари ғайри расми аз маҷмуъаи ҷаҳони Тахти Ҷамшед низ боздид кард.

Юсуф Раҳмон Додситони кулли Тоҷикистон дар поёни сафари як рӯза зимни имзои дафтари ёдбуди маҷмуъаи ҷаҳонии Тахти Ҷамшед аз ҳузур ва ошноӣ бештар бо фарҳанги ғанӣ Эрон ибрози хурсандӣ кард.

 

Барчасп