Баргузории ҳафтаи фарҳангии Тоҷикистон дар Эрон
Сафири Тоҷикистон дар Эрон бо таъкид бар ин ки Тоҷикистон муҳимтарин шахсиятҳои фарҳангӣ ва ҳунарии худро ба Ҷумҳурии Исломии Эрон эъзом мекунад, пешниҳоди баргузории ҳафтаи фарҳангии Тоҷикистон дар Эронро матраҳ кард.
Ба гузориши Созмони фарҳангӣ ва иртибототи исломӣ, Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон ва ду гуруҳи ҳунарии намоишҳои "Фирдавсӣ" ва "Лаъли Бадахшон" аз Тоҷикистон, ки барои ширкат дар чиҳилумин ҷашнвораи байналмиллалии театри Фаҷр ба Эрон сафар карда буданд, зимни ҳузур дар Созмони фарҳангӣ ва иртибототи исломӣ, бо Муҳаммадмаҳдии Имонипур, раиси ин созмон дидору гуфтугӯ карданд.
Зоҳидӣ дар ин дидор гуфт: Бо иқдомоти муштараки ду кишвар, зарфиятҳои мавҷуд ҷиҳати тавсеи равобити Тоҷикистон ва Эрон дар ҳамаи ҳавзаҳои мавриди эҳтимом дар оянда низ мавриди истифодаи самарабахш қарор хоҳад гирифт.
- Имонипур низ дар ин дидор гуфт: Равобити Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дерина аст ва таомулоти фарҳангӣ ҳамвора барои Эрон аҳамияти бисёре дорад.
- Расиси Сомзони фарҳангӣ ва иртибототи исломӣ, ибрози умедворӣ кард, ки табодули ҳайатҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ байни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Тоҷикистон идома ёбад то аз тариқи он равобити хубе рақам бихурад.