Боздошти 39 шаҳрванди Қирғизистон дар вилояти Суғд ба иттиҳоми убури ғайриқонунии марз
39 шаҳрванди Қирғизистон дар вилояти Суғд ба иттиҳоми убури ғайриқонунии марз боздошт шуданд.
Бахтиёр Оқилзода, раиси додгоҳи вилояти Суғд дар нишасти хабарӣ дар Хуҷанд гуфт, ин афрод дар додгоҳи вилояти Суғд ба иттиҳоми убури ғайриқонунии марз ба зиндон маҳкум шуданд.
Вай ҳамчунин таъкид кард, бо вуҷуди дархости тарафи Тоҷикистон ҳеч як аз шаҳрвандони Қирғизистон, ки дар даргириҳои марзии ду соли ахир дахолат доштаанд, дар кишварашон боздошт ва муҳокима нашудаанд.
Бахтиёр Оқилзода идома дод, аммо теъдоде аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Қирғизистон боздошт ва ба иттиҳоми мушорикат дар даргириҳои марзӣ зиндонӣ шудаанд.
- Вазири хориҷаи Қирғизистон: То ҳалли ихтилофоти марзӣ фосилаи зиёде вуҷуд дорад
- Омодагии СПАД барои ҳалли ихтилофоти Тоҷикистон ва Қирғизистон
Ин дар ҳоле аст, ки тайи рӯзҳои 10 то 15 январи соли ҷорӣ дар шаҳри Ботканди Қирғизистон музокироти гуруҳҳои нақшабардории да кишвар дар заминаи аломатгузории марзи муштарак баргузор шуд.
Аммо дар ахбори расмӣ фақат ба созанда будани ин гуфтугӯҳо ишора ва дар бораи натоиҷи ин нишаст итилое мунташир нашудааст.
Қарор аст даври баъдии музокирот дар қаламрави Тоҷикистон баргузор шавад.