Феврал 17, 2022 14:01 Asia/Dushanbe
  • Маъарифии тавонмандиҳои тиҷоратӣ ва энергетикаи барқи обии Тоҷикистон

Дар ҳамоиши муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Арабистони Саъудӣ дар Риёз тавонмандиҳои Тоҷикистон муъаррифи шуд.

Ба гузориши Ховар, Акрам Каримӣ, сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саъудӣ дар суханрони дар ин ҳамоиш аз тоҷирони арабистонӣ даъват кард, ки дар таҳрҳҳои муштараки иқтисодӣ ва тиҷоратӣ истифода аз зарфиятҳои тавлиди энергетикаи барқи обӣ дар Тоҷикистон сармоягузори кунанд.

  • Вай ҳамчунин дар бораи додани имтиёзот ба сармоягузорони хориҷӣ барои сохти корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон итило расонӣ кард.
  • Ба гуфтаи сафири Тоҷикистон дар Риёз ба далили куҳистони будани Тоҷикистон заминаи сармоягузори дар минтақаҳои гардишгари вуҷуд дорад.

Дар ин ҳамоиш сафирони кишварҳои Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, масулони 50 ширкати бозрагонӣ ва намояндагони утоқи саноат ва тиҷорати Арабистон, мудирони Бонки Рушди Исломӣ ва фаъолони бахши хусусӣ, ширкат ва суханрони карданд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп