Бозсозии 50 дарсадии нақби “Истиқлол”
(last modified Sat, 19 Feb 2022 05:54:56 GMT )
Феврал 19, 2022 10:54 Asia/Dushanbe
  • Бозсозии 50 дарсадии нақби “Истиқлол”

Бозсозии нақби “Истиқлол” 50 дарсад иҷро шудааст.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон эълом кард, ки бозсозӣ ва таҷҳизи нақби “Истиқлол” тарҳи муштарак бо Эрон 50 дарсад иҷро шудааст.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Азим Иброҳим дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, марҳалаи дувуми тарҳи бозсозии тунел, ки шомили насби сомонаҳои равшаноӣ, оташнишонӣ ва низоми ҳавокашии дохили он мешавад, дар ҳоли иҷро аст.

Вай таъкид кард, Тоҷикистон ва Эрон ба ин манзур 5,5 миллион доллар ихтисос додаанд.

Нақби “Истиқлол” бо кумаки 31 миллиондолларии Эрон, ки 10 миллиондоллари он ройгон аст ва саҳми 7 миллиону 800 ҳазор доллари Тоҷикистон дар соли 2006 ба ҳиммати ширкати эронии “Собир” сохта шуд, вале акнӯн ниёз ба бозсозии таҷҳизотӣ дорад.

Ин тунел бо тӯли 5 ҳазору 200 метр дар 80 километрии шимоли шаҳри Душанбе ҷойгир шуда ва заминаи иртиботи ҷодаӣ миёни марказ ва шимоли Тоҷикистонро дар тамомии фаслҳои сол таъмин мекунад.