Эътои имтиёз ба муаллимон дар Суғд барои ҷилавгирӣ аз муҳоҷирати онон
Мудири идораи маорифи вилояти Суғд аз эътои имтиёз ба муаллимони ин минтақа барои ҷилавгирӣ аз муҳоҷирати онон ба Русия хабар дод.
Ба гузориши сомонаи Спутник, Осим Каримзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд дар нишасти матбуотӣ дар шарҳи омори муҳоҷирати омӯзгорон гуфт, ин вазъ онҳоро водор намудааст, ки сари барқарор намудани имтиёзҳо барои омӯзгорон андеша кунанд.
Бино ба гуфтаи Осим Каримзода, ҳоло муҳоҷиршавии омӯзгорон дар муқоиса ба солҳои қаблӣ бештар буда, ин омил ба норасоии кадрӣ дар макотиби Суғд боис шудааст.
Масъулони соҳаи маориф ба муҳоҷират рӯ овардани омӯзгоронро ба вазъи иқтисодии хонаводагии онҳо марбут медонанд ва мегӯяд, дар шароити болоравии нархи наво музди маош барои пешбурди зиндагиашон кифоят намекунад ва дар ниҳоят онҳо маҷбур мешаванд, ки ба муҳоҷират раванд ва ё кори омӯзгориро бо дигар касб иваз намоянд.
Ин дар ҳоле аст, ки чанде қабл Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд гуфт, барои ҷилавгирӣ аз муҳоҷирати пизишкон ва муаллимон дар 18 шаҳру ноҳияи вилоят барои онҳо хона сохта хоҳад шуд.